Камбизоатӣ ва муҳити зист
Хуҷанд, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки рӯзноманигорони ҷавон дар мавзӯи «Инъикоси муаммоҳои камбизоатӣ ва муҳити зист дар васоити ахбори омма» семинар- тренинг тайи ду рӯз доир гардид.Ҳадаф аз баргузории семинар-тренинг омӯзиши муаммоҳои камбизоатӣ вобаста ба экология, ҳамкории рӯзноманигорон дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда иборат аст.Дар рафти семинар-тренинг рӯзноманигорони ҷавон аз бахшҳои гуногуни факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат варзида, паҳлӯҳои касби журналистикаро мавриди омӯзиш қарор доданд.Барои рӯзноманигорони ҷавон дар тренинг шартан нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ҳамчунин вобаста ба мавзӯи камбизоатӣ ва муҳити зист аз ҷониби онҳо мақола ва сюжет омода гардид ва мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт.Дар ҷамбасти семинар–тренинг барои иштирок ва инъикоси муаммоҳои камбизоатӣ ва муҳити зист дар ВАО ба ҳар яки онҳо сертификат супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






