Китобдорон ихтисоси худро баланд мебардоранд

Июль 24, 2012 09:25

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ барои кормандони китобхона ба охир расид. Машғулиятҳо аз рӯи мавзӯъҳои «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаҳои китобдорӣ», «Таърихи Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Фароҳамоварӣ ва такмили фондҳои китобӣ», «Фонди китобҳои депозитарӣ», «Фонди нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои нодир» ва ғайраҳо доир гардид. Ба ғайр аз машғулиятҳо шунавандагон амалан бо кори шӯъбаҳо ва бахшҳои китобхона шинос шуданд.Дар ҷамъомад кормандони собиқадори китобхона Абдуллоҷон Юнусов, Малоҳат Эшонқулова, Гулсара Шукурова, Зулфия Мусофирова, Шариф Комилзода ва дигарон нозукиҳои касби китобдориро ба аҳли ҷамъомад ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ фаҳмониданд. Шунавандагони давраи омӯзишӣ баъди анҷоми ҷамъомад соҳиби сертификат мешаванд. Баргузории чунин машғулиятҳои амалӣ барои баланд бардоштани тахассуси китобдорони ҷавон ва нафароне, ки маълумоти махсуси китобдорӣ надоранд, мусоидат мекунад.

Июль 24, 2012 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд