Комёбиҳои толибилмони тоҷик беназир аст
Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Толибилмони тоҷик аз олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ, ки дар зарфи нимсоли соли равон дар бархе аз кишварҳои пешрафтаи дунё баргузор гардид, ширкат намуда, бо 98 медал ба ватан баргаштанд. Аз 98 медал 18-тоаш тилло, 21 нуқра ва 59 –тоаш биринҷист. Хонандагони тоҷик асосан дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика, технологияи информатсионӣ, лоиҳаҳои математикӣ, «Роҳи абрешим», олимпиадаи байналмилалии Ҷолдосбеков , лоиҳаҳои био-экологӣ, ки дар кишварҳои Қазоқистон , Руминия, Туркия, Амрико, Озарбойҷон ва Гурҷистон доир гардида буданд, иштироки фаъолона намуда, бо комёбиҳои калон ба Тоҷикистон баргаштанд. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии дар кишварҳои зикршуда ширкат варзиданд, асосан толибилмони литсей- интернатҳои тоҷикӣ-туркӣ, Гимназияи Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», Мактаби президентии шаҳри Чкалов, Литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе ва Литсейи № 4 шаҳри Ваҳдат мебошанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






