Коргоҳи нави истеҳсоли мехи сохтмонӣ

Июль 9, 2012 11:11

Суғд, 9 июл. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Бо дастгирии молиявию техникии Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар корхонаи воҳиди давлатии «Садаф» — и шаҳри Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли мехи сохтмонӣ бо номи «Симмех» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин корхона партовҳои оҳану оҳанпораҳо дар хумдону хати технологӣ гудохта, симҳои бурришу диаметрашон гуногун истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли симҳои сохтмонӣ дар корхона 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Дар хатҳои технологии коргоҳи нав мехҳои сохтмонии дарозиашон аз 60 то 150 миллиметра тавлид карда мешавад ва иқтидори истеҳсолии коргоҳ истеҳсоли 2 тонна мех дар як шабонарӯз буда, 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маҳсулоти коргоҳи «Симмех» талаботи бозори дохилиро бо мехи сохтмонӣ то андозае таъмин ва воридоти онро аз хориҷи кишвар ҷилавгирӣ менамояд.

Июль 9, 2012 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд