Корхонаи коркарди зардолу фаъол гардид
Ашт, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар ноҳияи Ашт корхонаи коркарду бандубасти меваи хушк фаъол гардид.Ин корхонаи коркарди меваи хушк аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, мансуби Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонию фермерии «Зардолупарварони Ашт» мебошад.Корхона бо хатти технологии сохти «Туркия-Коралп» муҷаҳҳаз аст ва иқтидори дар 7-8 соат то 2-2,5 тонна меваи хушкро коркард, сараву яккачин намудан ва ин миқдор меваи хушкро дар қуттиҳо ҷой карданро дорад.Дар ин коргоҳ барои коркарду бандубасти 1 кг меваи хушк бе ҳисоби қуттӣ 71 дирам масраф мешавад. Аммо баъди коркарду банду баст нархи меваи хушки зардолу дар бозори берунӣ якчанд маротиба меафзояд, ки ин даромади иловагӣ аз зардолупарварӣ барои ноҳия мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






