Корманди милитсияро бо корд зада маҷрӯҳ карданд
Душанбе, 13 июля. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Ду нафар сокинони шаҳри Кӯлоб 11 июли соли ҷорӣ корманди милитсияро бо корд зада, маҷрӯҳ карданд.Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, Ғолибшо Азимови 20-сола ва Умед Исмоилови 19-сола дар ошёнаи 2-юми мағозаи «Гулхон», воқеъ дар маҳаллаи Ш.Шоҳини шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, лейтенанти милитсия Мустафо Холиқов, соли таваллудаш 1992, сокини к.Рӯдакии шаҳри Кӯлобро лату кӯб мекунанд. Сипас, Ғ. Азимов бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба китфи чапи Холиқов задааст. Дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Аз ҷониби кормандони милитсия Ғ.Азимов дастгир шуда, барои дастгир кардани У.Исмоилов чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






