Кўмак ба оилаҳои ниёзманд дар моҳи муборак

Июль 31, 2012 15:07

Душанбе, 31 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои камбизоату ниёзманди пойтахт кўмаки якдафаъинаи маводи ғизоиро расонад. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни ҷаласаи шаҳрдорӣ ба масъулин дастур дод, ки аз ҳисоби шаҳрдорӣ ва бозорҳои дар пойтахт фаъолияткунанда ба оилаҳои ниёзманд бо ташкили сабади маводи хўрока, ки 12 намуди маҳсулоти ниёзи аввалро фарогир аст, дар моҳи шарифи Рамазон кўмаки якдафъаина ироа созанд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе мегўяд: кўмак дар асоси рўйхате, ки аз ҷониби шўъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ноҳияҳои пойтахт пешниҳод мегарданд, ба оилаҳои ниёзманд дастрас карда мешаванд. Кўмакҳои якдафъаина иборат аз орду шакар, биринҷ, равған, гўшт, тухм ва соири маводи хўрокворист. Мавриди зикр аст, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру савоб ва некию накўкорист. Дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ, маъюбону барҷомондагон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа рисолати ҳар фарди мусулмон дар моҳи Рамазон маҳсуб меёбад.

Июль 31, 2012 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд