Лагери Фархор
Фархор, 21 июл.(АМИТ«Ховар», С.Холов). – Имсол даври сеюми лагери истироҳатии мактаббачагони ноҳияи Фархор аз дигар даврҳо ба куллӣ фарқ дорад.Мактаббачагон аз ташкили чунин лагер қаноатманд буда, ҳамарӯза озмуну чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва фаннӣ мегузаронанд. Шӯъбаи маорифи ноҳия соли ҷорӣ барои истироҳаткунандагон синфхонаи компютерӣ низ ташкил намуд, ки хонандагон имкони омӯзиши барномаҳои гуногуни фанҳои муосирро пайдо намудаанд. Мактаббачагон ташкили чунин лагерҳоро барои азхуд кардани фанҳои даққиқ муфид арзёбӣ карданд. Роҳбарияти ноҳия ва шӯъбаи маориф ният доранд соли оянда бастҳои чунин лагерҳоро зиёд намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






