Лоиҳае, ки сатҳи дониши табибонро баланд мебардорад
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар давраи ҳисоботӣ дар чорчубаи ду грант омӯзонидани 129 нафар духтур ва корманди миёнаи тиб ба анҷом расида, омӯзиши 70 нафар мутахассиси тибби оилавӣ идома дорад. Дар ин бора Нурхон Ҳаётов, директори маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии иҷтимоӣ ва заминавӣ зимни як нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иброз дошт. Номбурда гуфт: «Аз аввали татбиқи Лоиҳаи тандурустии иҷтимоӣ ва заминавӣ зиёда 1050 нафар мутахассис тайёр карда шуд. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши табибони оилавӣ дастгирии семинарҳо дар доираи омӯзиши фосилавӣ низ амалӣ гардид, ки 200 нафар табибро дар бар гирифт. Дар ҳалли мушкилоти баланд бардоштани сифати омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ лоиҳа машварати байналмилалиро оид ба баҳодиҳии сифати тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дархости Вазорати тандурустӣ дастгирӣ намуд».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






