М. Асрорӣ: «Шароити муассисаҳои фарҳангӣ мувофиқи дил нест»
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз дар маркази матбуотии ҷумҳуриявии ташкилоти ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2012 нишасти матбуотӣ доир гардид.Дар нишаст вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, мудири шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров ва сардорони раёсату шӯъбаҳои вазорат ширкат варзиданд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон перомуни масоили гуногуни соҳаи фарҳанг, аз қабили масъалаи тарбияи кадрҳои соҳа, гарм кардани муассисаҳои фарҳангӣ дар фасли сармо, рушди фаъолияти китобхонаҳо, масъалаи тайёр намудани дараматургони касбӣ, зиёд намудани сафари ҳунармандони театр ба шаҳру навоҳӣ, татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳа, осорхонаҳою ёдгориҳои таърих таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба саволҳои сершумори худ посух гирифтанд. Аз ҷумла, Мирзошоҳрух Асрорӣ сабаби гарм набудани толорҳои фарҳангиро дар фасли сармо дар надоштани таҷҳизоти зарурӣ маънидод намуда, як омили дар ин фасл ба театрҳо ҷалб нашудани тамошобинонро низ ба он нисбат дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






