М. Мухторов: «Бақайдгирии масҷидҳо маҳдуд нест»
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин бақайдгирии маҷидҳо дар қаламрави кишвар маҳдуд нашудааст. Ин нуқтаро муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз доир гардид, зикр намуд. Вай афзуд, ки бақайдгирии масҷидҳо тибқи Низоми ягонаи ҳуҷчатгузории кумита ба роҳ монда мешаванд. Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 Маркази исломӣ, 42 масҷиди ҷомеи марказӣ, 355 масҷиди ҷомеъ, 3432 масҷиди панҷвақта, 1 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 1 ҷамоатхона, 1 ҷамоаи динии ғайриисломӣ, 6 мадрасаи мутавассита ва 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 3913 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва онҳо фаъолият карда истодаанд.Қобили зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 80 адад иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 1 адад масҷиди ҷомеи марказӣ, 9 адад масҷиди ҷомеъ ва 69 адад масҷиди панҷвақта ва 1 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилия мебошанд. «Дар асоси пешниҳоди раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ва пешниҳоди раиси ноҳияи Ҳисор Б. Солеҳов барои ба низом даровардани фаъолияти масҷидҳои панҷвақта бобати адои намози ҷумъа мутаносибан дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳисор ва таъмин намудани тартиботи ҷамъиятию амниятии шаҳрвандон, пешгирӣ аз ҷамъшавии анбӯҳи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар маҳаллу мавзеъҳо дар вақти адои намози ҷумъа ба 9 масҷиди панҷвақтаи шаҳри Ваҳдат ва 2 масҷиди панҷвақтаи ноҳияи Ҳисор иҷозати адои намози ҷумъа дода шуд, ки онҳо амал карда истодаанд”, — гуфт дар хотима М. Мухторов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






