Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат

Июль 25, 2012 20:26

Душанбе. 25 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷоории кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хорўғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.Дар оғоз гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва аъзои гурўҳи ҳукуматӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хорўғ шунида шуд.
Баъд аз муҳокимаи нуқтаҳои гузориш аз мардуми шарифи ВМКБ, пеш аз ҳама сокинони шаҳри Хорўғ даъват карда шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурўҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.Таъкид гардид, ки гурўҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд яроқу аслиҳаро супурда, дар назди қонун ҷавоб гўянд.
Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкўҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурўҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд.
Дар фарҷоми маҷлис қарор карда шуд, ки тамоми мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъи шаҳри Хорўғ ва татбиқи дастуру супоришҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят чораҳои аввалиндараҷа андешанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 25, 2012 20:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд