Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар»).- 30 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати кишвар нахуст Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои 3 соли оянда мутаносибан дар ҳаҷми 42,1 миллиард, 48,2 миллиард ва 54,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2013 ба андозаи 7,4 ва ду соли дигар 7,5% бояд таъмин гардад. Қурби асъори миллӣ бошад дар 3 соли оянда дар доираи 4,90, 4,94 ва 4 сомонию 99 дирам ба як доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Сипас ба муҳокимаи Ҳукумати кишвар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав пешниҳод гардид. Тавре зикр гардид, шумораи андозҳо дар лоиҳаи нав 10 адад муқаррар шудааст, ки нисбат ба кодекси амалкунанда 11 адад кам мебошад. Дар лоиҳаи кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардондани буҷети давлат аст. Кодекси нави андоз тибқи нақша аз 1 январи соли 2013 сар карда, то соли 2017 бояд зина ба зина пурра мавриди амал қарор дода шавад. Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат як зумра барномаҳои нави давлатӣ тасдиқ карда шуд. Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017, Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди биотехнологияи чорво барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи беҳгардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар солҳои 2012-2015 аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ба мақомоти иҷроияи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 272 оилаи ниёзманд ва 76 гектар барои 758 оила дар ноҳияи Ванҷи ҳамин вилоят ҷудо карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми соли равон барои мардуми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуда буд. Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ва дигар шахсони масъул доир ба таъмини фаровонию эътидол дар тамоми бозорҳои кишвар, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба қадри кофӣ захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






