Маблағи даъвоҳои парвандаҳо дар Суди Олии иқтисодӣ

Июль 17, 2012 16:26

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки ба фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2012 аз ҷониби марҳилаҳои суди мазкур 208 парванда ва 81 арзу шикоят баррасӣ шудааст. Аз ин миқдор дар марҳилаи якум 66 парванда, дар марҳилаи аппелятсионӣ -15, дар марҳилаи кассатсионӣ -115 ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 10 парванда баррасӣ шудааст. Дар нишаст ҳамчунин иброз шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ 503 ҳазору 414 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Маблағи даъвоҳои парвандаҳои дар Суди Олии иқтисодӣ қаноат карда 10 млн. 801 ҳазору 754 сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳаимин давраи соли 2011 ба маблағи 9 млн. 600 ҳазор доллари амрикоӣ зиёд аст.Тибқи маълумоти Суди Олии иқтисодӣ аксарияти парвандаҳои марҳилаи якум оид ба рӯёнидани маблағи қарз, дар бораи беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар мақомот баррасӣ гардидаанд.

Июль 17, 2012 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд