Мактаб барои 1200 хонанда сохта мешавад

Июль 13, 2012 11:41

Хоруғ, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов сафари якрӯза дар Бадахшон бо ҷараёни сохтмони интернати давлатии ноҳияи Рӯшон, бинои нотамоми мактаби рақами 11 ҷамоати Поршнев шинос гардид. Бинои мактаб – интернат комилан ба қабули толибилмон омода аст ва то нимаи дуввуми моҳи август баъзе корҳои ҷузъӣ ва ободонӣ дар гирду атрофи он ба поён мерасад.Сохтмони бинои нотамоми мактаби рақами 11 ҷамоати деҳоти Поршнев қаблан барои 1200 нафар талаба пешбинӣ шуда буд. Вазири маориф изҳор дошт, ки мувофиқи як тарҳи муштараки давлатии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд сохтмони бино аз соли оянда шурӯъ мегардад. Ба гуфти вазири маориф ин бино барои 1200 нафар хонанда сохта шуда, таҷҳизоти навтарини таълимӣ мегардад. Ба хотири амалӣ кардани тарҳи мазкур севуним миллион доллар ҷудо шудааст.

Июль 13, 2012 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад