Мактаби тобистонаи «Ирам-2012» дарҳои худро боз мекунад

Июль 6, 2012 11:18

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 8 то 21 июли соли 2012 бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и вилояти Суғд (н. Ҷаббор Расулов) мактаби тобистонаи «Ирам-2012» ташкил мешавад.
Ҳадафи асосии ин мактаб мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии наврасону ҷавонони имконияташон маҳдуд, таъсиси муҳити дастрас, шароити истироҳати тобистона, омӯзиш ва иштироки фаъолона дар семинарҳои таҳсилотӣ, сабқатҳои мубоҳисавӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва таъсиси шабеҳи модели давлати демократӣ мебошад.   Мавриди ёдоварист, ки дар лагер 80 нафар наврасону ҷавонони аз 14 то 20-солаи ҳамаи манотиқи кишвар, ки аз онҳо 30 нафарашон имконияти маҳдуд доранд, иштирок мекунанд.

Июль 6, 2012 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!