Марҳабо Олимпиадаи Лондон- 2012
Душанбе, 17 июл. (АМИТ “Ховар”, Аловиддин Бӯриев).-Гурӯҳи варзишгарони тоҷик, ки шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои ХХХ-юми Олимпии Лондон аз 27-июл то 12 август ҳимоя мекунанд, субҳи имрӯз ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.Баъд аз он дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар дар бораи тайёрии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ ҳарф зада, иттилоъ дод, ки “Тоҷикистон аз ҳар як варзишгари дар ин бозиҳо ширкаткунанда дастоварди беҳтаринро интизор аст. Аз ҳама муҳим варзишгарони мо бояд нисбат ба Бозиҳои олимпиадаи Пекин зиёдтар медал ба даст оранд. 13- роҳхате, ки бо заҳмати дучанди варзишгарони мо ба даст омадааст, моро дилпур мекунад, ки аз онҳо медалҳои олимпиро интизор шавем” Дар маҷмӯъ 16 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ дар 7 намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар риштаи бокс Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Мавзуна Чориева ва Ҷаҳон Қурбонов, дар гӯштии тарзи озод Николай Ноев, Зелимхон Юсупов, Искандари Рустам ва Юсуф Абдусаломов, дар таэквондо Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, дар варзиши сабук Дилшод Назаров ва Владислава Овчаренко, дар дзю-до Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, дар шиноварӣ Катерина Измаилова ва дар тирпаронӣ Сергей Бабиков.
Расми кушоиши бозиҳо 27 июл пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






