Мардум аз тасмими вазорат миннатдоранд
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Овозаи барқарор намудани хатсарҳои нақлиёти ҳавоии маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб аз тарафи аҳолии ноҳияҳои кӯҳистони дурдаст хуб пазироӣ гардид,-иброз доштанд дар Вазорати нақлиёт ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти сармутахассиси роҳсозии вазорат Р.Аҳмадов, ин тасмим дар мавриде гирифта шудааст, ки аз тариқи роҳҳои автомобилгард сафар намудан ба ноҳияҳои кӯҳистони ин минтақа дар фаслҳои зимистон ва тобистон мушкилоти зиёдеро ба миён овардааст.Боис ба ёдоварист, ки зимистони соли 2012 бо сабаби набудани роҳи ҳавоӣ ва аз ҳад зиёд боридани барф интиқоли беморон аз ҷамоати Шугнов ба беморхонаҳои ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб номумкин ва боиси ҳалокати онҳо гардид ва ин ҳодисаи ягона нест.Директории фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб бо назардошти мушкилоти мавҷуда, унвонии Вазорати нақлиёт оид ба барқарор намудани хатсайрҳои қаблӣ ба ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод (Даштиҷум), Мӯъминобод дархост намудааст. Дар навбати худ вазорат дархостро пазируфт ва барои амалӣ намудани он чораҳо меандешад. Дар назар аст, ки дар хатсайрҳои маҳаллӣ ҳавопаймоҳои АН-2 ва АН-24, ки айни замон бекор нигоҳ дошта мешаванд, баъди таъмир мавриди истифода қарор ёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






