Маъюбону пиронсолон пайваста дастгирӣ меёбанд

Июль 10, 2012 11:29

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Маъюбон ва шахсони барҷомонда, ки бо амри тақдир дар хонаи пиронсолон умр ба сар мебаранд, пайваста мӯҳтоҷи дастгирӣ, ғамхорӣ, нигоҳубин ва меҳрубонӣ мебошанд. Бо мақсади расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, хона-интернатҳо ва оилаҳои мӯҳтоҷ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернати маъюбон ва пиронсолони «Батош»-и ноҳияи Турсунзода ёрӣ расонид.  Тавре ки аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин навбат барои ташкили муҳити хонагӣ ба онҳо кати хоб (диван) тӯҳфа гардид. Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати маводи нашъаовар аз соли 2001 то имрӯз ба хона-интернати «Батош» таҷҳизоти техникӣ барои рӯзғор, маҳсулоти хӯрокворӣ, дору ва дигар намуди маҳсулот ба маблағи қариб 100 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонидааст. Хона-интернати «Батош» соли 1972 ба фаъолият оғоз намуда, айни ҳол дар он қариб 190 нафар бошандагони аз 26 то 90-сола аз тамоми гӯшаю канори ҷумхурӣ истиқомат доранд.

Июль 10, 2012 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд