Миқдори никоҳ дар ҷумҳурӣ зиёд шуд

Июль 24, 2012 14:21

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова). Дирӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумита Сумангул Тоғоева оид ба фаъолияти кормандони Кумита дар нимсолаи аввали соли 2012 маълумот дод.Аз ҷумла зикр кард, ки дар айни ҳол шумораи занон дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ба 4493 нафар расидааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 120 нафар зиёд мебошад.Инчунин раиси Кумитаи кор бо занон аз зиёдшавии миқдори талоқ дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард. Мувофиқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори талоқ дар ҷумҳурӣ ба 4026 расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 578 адад зиёд аст. Қайди никоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли 2012 ба 42180 нафар расидааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2011 936 нафар зиёд мебошад.

Июль 24, 2012 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд