«Мо рақсро интихоб кардем»

Июль 17, 2012 17:11

Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имрӯз бо мақсади канораҷӯии кӯдакону наврасон аз корҳои номатлуб бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва дастгирии Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали рақсии кӯдакона таҳти унвони «Мо рақсро интихоб кардем» баргузор гардид. Дар ҷамъомад санъатдӯстон аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуда, бо ҳунари волои хеш маҳорати худро нишон дода тавонистанд. Директори Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комил Холов сухан гуфта таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватанпарварӣ мусоидат менамоянд. Дар назар аст, ки чорабиниҳои муфид дар Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе зуд-зуд доир гарданд.

Июль 17, 2012 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд