Монеаҳои сунъӣ ҳам садди роҳ нашуданд

Июль 27, 2012 09:04

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи аввали соли 2012 новобаста аз вазъи ноустувори иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар монеаҳои сунъӣ, ки дар ин давра аз ҷониби ҳамсоякишвари мо ба вуҷуд оварда шуданд, ба рушди иқтисодиёти кишварамон бе таъсир боқӣ монданд ва он ба таври мӯътадил рушд ёфт. Тамоюли пешрафт қариб дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба мушоҳида мерасад,- иброз дошт вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар сӯҳбат ба хабарнигорон. Ба гуфти Ш.Раҳимзода маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар нишондиҳандаи асосии самаранокии рушди иқтисод дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 буда, он ба андозаи 7,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда дар нимсолаи аввали соли гузашта ҳамагӣ 6,9 фоизро ташкил дода буд. Чунонки аз таҳлилҳои иқтисодӣ бармеояд, дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз афзоиш ёфтааст, ки он то дараҷае аз устуворшавии иқтисодиёти ватанӣ дарак медиҳад.Вазир маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 13 млрд.824,2 млн. сомонӣ хонд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 2 млрд. 666 млн. сомонӣ зиёд аст. «Ин пешрафту шукуфоӣ бори дигар собит намуд, ки барои мардуми меҳнатқарини тоҷик ҳеҷ гуна садд, хоҳ он сунъӣ бошад, хоҳ табиӣ монеа наметавонад»,- афзуд вазир.

Июль 27, 2012 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд