Муҳокимаи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат

Июль 11, 2012 17:01

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд бо иштироки мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ доир гардид. Дар он рафти таҳияи стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 дар доираи рушди Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва қадамҳои минбаъда баррасӣ шуд. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев дар мавриди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишвар изҳори ақида намуда, шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриро ба фаъолияти босубот дар ин самт даъват намуд. Дар рафти ҷаласа ҳамчунин аз ҷониби коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои мунтазам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва инкишофи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал манзур гардид.

Июль 11, 2012 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад