Муаррифии «Давлати Каёниён»
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби нави узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ таҳти унвони «Давлати Каёниён» доир гардид. Дар ҳамоиш олимон ва муаррихони варзидаи соҳа аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нависандагони шинохта ширкат варзида, доир ба китоби мазкур андешаҳои худро баён намуданд. Ёдовар мешавем, ки Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ, доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муаллифи зиёда аз 600 асару мақолаи илмӣ ва илмию оммавист. Асарҳои Ю.Ёқубшоҳ дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои археологӣ ва хаттӣ навишта шуда, дорои аҳамияти муҳими илмианд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






