Муаррифии китоби нави Аҳмади Иброҳим
Кӯлоб, 4 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Ҳушдори таърихӣ додан ба насли наврас ва ҷавонон бобати эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, мавриди таҳқиқи саҳеҳ қарор додани корнамоиҳои қаҳрамонони тоҷик дар дарозои таъриху тамаддун аз мавзӯоти асосӣ ва хати сабзи асари тозанашри журналист, нависанда ва публитсисти варзида Аҳмади Иброҳим буд, ки дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ гардид.Зимни ин ҳамоиши адабию фарҳангӣ, ки ширкатдорон аслан журналистону аҳли қалами минтақа ва ҷумҳурӣ буданд, қайд карда шуд, ки дар майдони адабиёти муосир тайи чанд соли охир Аҳмади Иброҳим бо нигоҳи тоза ва диди ҷолиб пайи рӯшанӣ андохтан ба паҳлуҳои то ҳанӯз наомӯхтаву пажӯҳишнаёфтаи таърихи аҷдодони мо талош меварзад. Баъд аз чопи китоби нахустинаш «Ҷаҳиши охирини бабр» ин маротибаи дуввум аст, ки ба тасвири хеле ҳам мӯшикофонаи образҳои ҳамасрону пайравони Спитамени шуҷоъ таҳамтаноне ба монанди Австан ва Катан ва набардҳои адлхоҳона бо аҷнабиён дар Бобакони бузург муввафақ низ гардид .Дар ҷараёни маҳфили адабӣ атрофи ҳар як образи офаридаи нависанда дар китоби «Рӯди пурхун» баҳсу андешаронӣ карда шуда, ба муаллиф баҳри таълифи чунин як асари аҳамияти муҳими тарбиявию ахлоқӣ дошта, изҳори сипос ва барори эҷоди таманно доштанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






