Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Соманаҳолӣ Кришна
Душанбе, 3 июл. ( АМИТ «Ховар» , Афшини Муқим).- Бегоҳии дирӯз дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои худ, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманаҳолӣ Кришна дидор ва мулоқот намуд. Вазирон дар ин мулоқот аз ҳамкориҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар ду ҷониб бар он мекӯшанд, то ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои мухталиф беш аз пеш густариш диҳанд. Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, сафари Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ба Тоҷикистон як қадами нав дар роҳи мустаҳкам намудани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон хоҳад буд. Ҳамчунин ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар ин мулоқот ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, савдо, энергетика ва амсоли ин гуфтушунид намудем ва умедворем, ки самараи хубе ба бор хоҳад овард. Инчунин, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар ҳузури намояндагони ВАО аз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд, то ба Ҳиндустон ташриф барад. Тибқи иловаи Ҳамрохон Зарифӣ, сафари Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом меёбад, ки дар назар аст аввалҳои моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон ташриф барад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






