Мулоқоти Э. Раҳмон бо Дабири кулли СПН Урбан Руснак
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Паймони Нерӯ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. «Тоҷикистон, ки дорои захираи бузурги энергетикӣ аст, бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои манфиатдор, аз ҷумла Созмони Паймони Нерӯ ҳавасманди густариши ҳамкорӣ аст», — изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Урбан Руснак низ дар навбати худ имконот ва иқтидори энергетикӣ, хусусан гидроэнергетикии Тоҷикистонро «бузургу фаровон» номида, изҳор дошт, ки «Созмони Паймони Нерӯ ба рушди ҳамкории судманд бо Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин потенсиал манфиатдор аст». Тавре Урбан Руснак иттилоъ дод, «Созмони Паймони Нерӯ талошҳои Тоҷикистонро доир ба мавриди истифода қарор додани имконоти энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ дастгирӣ намуда, ба ин кишвар барои беҳсозии самарабахшии шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа кумак мерасонад». Таъкид гардид, ки имконоти иқтисодӣ, энергетикӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа истифода шаванд. Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, «ҳамаи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон бо назардошти манофеи тамоми кишварҳои минтақа тарҳрезӣ шудаанд ва мо ҳаргиз аз ғояҳои ба ҳамсоягон зиёновар пуштибонӣ намекунем».
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






