Мулоқоти Э.Раҳмон бо Э.Уэллс
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар»).- 17 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори кабири Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Русия ва Авроосиё хонум Эллис Уэллсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амнияту мудофиа баррасӣ шуд.
«Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ба тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамёрӣ бо он ҳавасманд аст», — изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвар, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамгироӣ баъди соли 2014, яъне баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.
Хонум Эллис Уэллс ба нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёту иҷтимоиёт дар Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва мардуми кишвари мо аз номи Ҳукумати Амрико арзи сипос кард.
Ӯ аз мавқеи геостратегии Тоҷикистон ва нақши муҳими созандаи он дар минтақа ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумаки техникии худро ба нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбути Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон афзун хоҳад кард. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мубрами вобаста ба амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории созанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






