Мулоқоти Э.Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Миллии Озарбойҷон Октай Асадов
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии имрӯзи 11 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Яъқуб Аюбов ва дигар шахсони расмӣ бо меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.
Худи ҳамин рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳҳои густариши робитаҳои миёни ду кишвари дӯст, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва таъкид дошт, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.
Дар ин росто ба нақши мақомоти олии қонунбарори ду кишвар дар таҳким ва рушди муносиботи барои ҳарду ҷониб судбахш баҳои баланд дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






