Мулоқоти Э. Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои қудратии Афғонистон

Июль 26, 2012 16:49

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Раиси умумии амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набилро, ки бо як ҳайати бонуфузи роҳбарияти сохторҳои қудратии кишварашон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот масоили ҳамкории амниятию низомии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла ҳифзи муштараки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ ва қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд, ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади ду кишвар дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон, аз ҷумла қитъаҳои наздик ба шаҳри Хоруғи Тоҷикистон зоҳир гардид. Роҳбарони мақомоти амниятию низомии Афғонистон бо итминон изҳор доштанд, ки барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади муштарак аз ҷониби кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз сарҳадшикании гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангиён ва қочоқбарон чораҳои фаврию муассир меандешанд. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки як гурӯҳ ҷангиёну қочоқбарони афғон, ки бо ҷинояткорони муқими Хоруғ ҳамкорӣ доштанд, дар хоки Афғонистон аллакай дастгир шудаанд ва ҳамгироии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ду ҷониби марз босамар идома дорад. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 26, 2012 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд