Мулоқоти Э. Раҳмон бо Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон
Душанбе,10 июл. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кен Гроссро бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Кен Гросс дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Амрико нақши намоён дошт. Кен Гросс дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт. Дипломати амрикоӣ, ҳамчунин аз меҳмоннавозӣ ва фарҳанги баланди мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки ӯ минбаъд низ барои рушди муносиботи судовари Амрико бо Тоҷикистон талош хоҳад кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






