Мулоқоти Оқил Оқилов бо Эндрю Митччел
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Вазири давлатии рушди байналмиллалии Британияи Кабир Эндрю Митччел мулоқот кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистон ва Британияи Кабирро мавриди муҳокима қарор доданд. Оқил Оқилов аз саҳми ҳукумат ва вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир дар роҳи рушди бемайлони иқтисодӣ ва беҳдошти сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт,ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконоти мусоиди сармоягӯзорӣ фароҳам оварда шудааст ва барои васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо дар бахши ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт асноди зарурӣ таҳия ва ба тавсиб расидааст. Дар мулоқот ҳамзамон изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки дар оянда муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир боз ҳам тақвият ёфта имконият ва шароитҳои мавҷудаи рушди ҳамкориҳо ба пуррагӣ ба манфиати ҳарду ҷониб истифода мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






