Мулоқоти Р. Назаров бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои асосии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳо дар масъалаҳои вобаста ба вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъдаи зиддимухаддиротӣ дар минтақа, бозомӯзии кормандон, ҳамчунин масъалаи дурнамои рушди вазъи вобаста ба маводи мухаддир баъди соли 2014, ки баровардани нерӯҳои асосии байналмилалӣ аз Афғонистон ба итмом мерасад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.Хонум Патрисия Флор ба масъалаҳои муҳокимагардида таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, изҳор кард, ки барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






