Мулоқоти Сарвари давлат бо вакилони Парлумони Аврупо

Июль 16, 2012 18:02

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии Струан СТИВЕНСОН ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории босамари Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Аз сатҳи воло ва пайвастагии ҳамкории дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастию ҳамбастагӣ метавонанд, дар ҳаллу фасли бисёр мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон нақши муассир дошта бошанд.Вакилони Парлумони Аврупо бо ишора «ба нақши муҳими Тоҷикистон дар ин минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ» таъкид бар он доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста мусоидат намуда, кумакҳои техникии худро афзун хоҳад кард. Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон тавассути эҳёи иқтисодии он зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор додани иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати КАСА-1000 ба нафъи кулли минтақа хоҳад буд. Ҳарду ҷониб аз дастгирии байналмилалии талошҳои кишварҳои минтақа ва давлатҳою созмонҳои мададрасон дар роҳи пайвастани шабакаҳои нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ истиқбол намуданд. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди тавачҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 16, 2012 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд