Мулоқоти вакилони парлумони тоҷик бо вакили Парлумони Аврупо

Июль 14, 2012 11:45

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 12 июли соли 2012 дар доираи сафари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёев Сайфулло, Маҳмудов Насрулло, Баракатулло Атохоҷа ва Иномов Абдузафар ба шаҳри Брюссел вохӯрии онҳо бо вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо баррасӣ гардиданд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории самарабахши миёни парлумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо нақши муҳими вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсонро дар ташаккул додани симои мусбати Тоҷикистон дар маркази Иттиҳоди Аврупо таъкид сохта, барои саҳми ӯ дар рушди робитаҳои мутақобилан судманди байнипарлумонӣ ва дастгирӣ дар амалисозии барномаҳои созандаи Тоҷикистон миннатдории худро баён доштанд.Струан Стивенсон ибрози боварӣ кард, ки ў дар оянда низ саҳми сазовори худро барои густариши муносиботи миёни Парлумони Аврупо ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули афкори мусбати ҷомеаи Аврупо роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои созандагӣ, бахусус гидроэнергетика, хоҳад гузошт.

Июль 14, 2012 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд