Муноқишаи ноболиғон боиси марги як нафар гардид
Душанбе, 9 июл. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Шоми рӯзи 6 июли соли равон миёни ду гурӯҳ наврасону ноболиғон муноқиша сар зад, ки дар натиҷаи он як нафар ноболиғ аз гирифтани ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расид.Ноболиғ Хушнуди Бобозода соли таваллудаш 1997 зодаи шаҳри Кулоб, сокини нохияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Роҳатӣ, ки бо аҳли оила ва бародаронаш барои истироҳат ва сайру гашт ба боғи «Пойтахт», воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омада буд қурбони ҷаҳолат ва муноқишаи байни ин ноболиғон гардид. Ҳангоми сайругашт дар боғи мазкур ноболиғ Сиёвуши Нурмаҳмад ба назди ӯ омада, харидорӣ намудани бозичаҳои барқии равшанидиҳандаро пешниҳод менамояд, вале аз рад намудани ӯ ба ғазаб омада, бо гурӯҳи рафиқони худ, ки алакай дар ин боғ ба бетартибиҳо машғул буданд, ба ӯ дарафтода сахт маҷрӯҳ мекунанд.Дар ин маврид ҳатто бародаронаш, ки мекӯшидан аз ӯ ҳимоят кунанд коре карда натавонистанд. Зарбаҳои ногаҳонии наврасону ноболиғони авбоштабиат ба сару рӯяш борида, ӯро аз пой меафканад ва бар асари ҷароҳати гирифтааш ҳангоми ба беморхона овардан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.Вобаста ба содир намудани ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 нафар ноболиғон , истиқоматкунандагони кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.Хеле боиси таассуф аст, ки баъзе аз сокинони маҳаллӣ ҳангоми содир гардидани ин ҷинояти вазнин, ки боиси марги як нафар ноболиғи бегуноҳ гардидааст,ба ҷойи ёрӣ додан ба кормандони милитсия, баръакс аз ҷинояткорон ҳимоят намуда, барои фирори яке аз гумонбарони асосии ин ҷиноят Сафаров Фахриддин Асомиддинович соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе бо лақаби «Фаха», ки бинобар нишондоди шоҳидон баъд аз зарбаҳои ӯ ноболиғ Хушнуди Бобозода ба ҳалокат расидааст, мусоидат намудаанд.Вале гумонбар новобаста аз оне, ки бо кӯмаки нафарони алоҳида аз ҷойи ходиса фирор намуда, барои дигаргун намудани чеҳраи худ муйи сари худро тарошида, дар хонаи яке аз хешовандонаш пинҳон шуда буд, ба таври фаврӣ макони он ошкор ва аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






