Наҷоти 3 нафар аз ғарқшавӣ
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дирӯз, 5 июл дар дарёи Сир, дар наздикии маҷмааи савдои «Хуҷанд» ҳангоми оббозӣ 3 нафар шаҳрвандон ба ҳолати ғарқшавӣ дучор шуданд, ки дар натиҷа 2-нафари онҳоро наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд наҷот доданд ва 1 нафарашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади ҳалокшуда аз тарафи наҷотдиҳандагон аз об бароварда, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.Ба иттилои манбаъ , худи ҳамон рӯз сокини шаҳри Хоруғ Шоин Қосимов соли таваллудаш 2007, ҳангоми оббозӣ дар кӯли Чорбоғ ғарқ шуда, аз тарафи наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят наҷот дода шуд. Ёдовар мешавем, ки шумораи умумии ғарқшудагон дар нимсолаи аввали соли равон 40 нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






