Нархи таълим дар литсей ва гимназияҳои ҷумҳурӣ

Июль 2, 2012 09:53

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар соли хониши 2011-2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 165 литсей ва гимназия 75 ҳазор хонандагонро ба таълим фаро гирифтанд, ки аз он 33 тояшро муассисаҳои таълимӣ-хусусӣ ташкил медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, муассисаҳои таълимӣ- хусусӣ аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои таълими яксолаи хонандагон тибқи шартнома волидайн аз 400 то 3,5 ҳазор доллар маблағ пардохт менамоянд. Аз ҳисоби маблағҳои шартномавӣ таъмиру таҷдиди биноҳои таълимӣ, хариди маводи таълим ва баргузории ҳамаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешавад. Аз ҳама муҳим, таълим дар ин мактабҳо дар як баст гузаронида шуда, дар басти дуюм танҳо машғулиятҳои иловагӣ ва семинарҳо баргузор мегарданд. Дар ин мактабҳо муаллимон ҳамасола аз тариқи озмун ба кор ҷалб карда шуда, баробари маоши муайянгардида, ба гирифтани 500 сомонӣ маблағи музди иловагии аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷудо намуда низ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Июль 2, 2012 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад