Натиҷаи кори кишоварзон
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар нишасти матбуотие, ки дар Вазорати кишоварзӣ доир шуд, муовини вазир Сиҷоуддин Исроилов иброз дошт, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 3 млрд.724,4 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз зиёд аст. Муовини вазир омили зиёдшавии ҳаҷми умумии маҳсулотро дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маънидод намуд. Тибқи маълумоти пешниҳод намудаи С.Исроилов, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли ғалла ба 372 ҳазору 254 тонна, сабзавот ба 241 ҳазору 988 тонна, полезиҳо ба 93 ҳазору 249 тонна, картошка ба 162 ҳазору 970 тонна, мева ба 46 ҳазору -118, ангур ба 1 ҳазору- 313 , гӯшт ба 54750 тонна, шир ба 290 ҳазору 130 тонна, тухм ба 134,1 млн. дона расонида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






