Назорати ҳолати иҷрои қонунгузории замин дар ВМКБ

Июль 23, 2012 15:05

Хоруғ, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар прокуратураи ВМКБ барои хабарнигорони бурунмарзию дохилӣ бо иштироки прокурори вилоят ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Зикр шуд, ки дар вилоят ҳолати иҷрои қонунгузории замин ҳамчун самти афзалиятнок таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин самт 35 санҷиш гузаронида шуда, 28 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар боби ҷудо кардани қитъаҳои замин бекор шуда, 62 нафар ба ҷавобгарии маъмуриву интизомӣ кашида шудаанд. Ба хотири содир намудани ҷиноятҳои сӯиистифода аз мансаб ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Ишкошим Б.Меликбеков, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳия Р.Раҳимбеков ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Июль 23, 2012 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд