Нигоҳи нав ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон
Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Нашриёти ватании «Контраст» китоби нави мушовири калони Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ, номзади илмҳои фалсафа Зафар Сайидзода таҳти унвони «Таҳаввулоти муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ташаккули сиёсати хориҷии он» -ро нашр намуд. Рисолаи илмӣ — сиёсии мазкур аз се боб иборат буда, бори нахуст шаклхои гуногуни густариши муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистонро дар даҳсолаи аввали солҳои баъди соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлили ҳамаҷонибаю маҷмӯӣ қарор медиҳад. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки ба сиёсати хориҷии бисёрсамтаи «дарҳои боз»-и Тоҷикистон тавассути баррасии авзалиятҳои геополитикӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратӣ — иқтисодии давлати соҳибихтиёр баҳои амиқу ҷадид диҳад. Хонандагон имкон доранд аз китоби мазкур матолиби заруриро доир ба таърих, вазъ ва хусусияти муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон бо Русия, Чин, Эрон, инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои Ғарб ба даст оранд.Асари мазкур аз 568 саҳифа иборат буда, барои доираи васеи донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо, устодони мактабҳои олӣ ва дигар гурӯҳи хонандагон, ки ба сиёсати хориҷии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд, тавсия дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






