Нишасти матбуотӣ дар Ҳисор
Ҳисор, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Кулли тадбирҳо андешида шуд, ки корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 3-ҳазорсолагии Ҳисор оғоз ёбад,-иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Солеҳов.Айни ҳол дар доираи нақшаи генералӣ барои лоиҳакашии иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда, литсей-гимназияи Президентӣ барои 250 хонанда, Кохи фарҳангӣ барои 700 ҷойи нишаст, бунёди Маҷмааи варзишӣ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст дар масоҳати 16 гектар, боғи фарҳангӣ бо чойхонаи миллӣ дар масоҳати 20 гектар ва бозори масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 18 гектар қарорҳои раиси ноҳия омода шудаанд, ки дар асоси он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Ҳоло дар ноҳия сохтмони 10 адад биноҳо амалӣ гашта истодаанд ва сохтмони 10 адад бинову иншоотҳои дигар ба нақша гирифта шудааст. Корҳои омӯзишӣ дар теппаи Тӯпхона ва Қалъаи Ҳисор оғоз шуда ҳоло идома дорад. Бостоншиносон аз Тӯпхона сағонае, ки ба давраи Кӯшониён тааллуқ дорад, дарёфт карданд, ки ин ёдгорӣ яке аз ёдгориҳои пурарзиштарин ба ҳисоб рафта, аз сангу гаҷ дар се қабат сохта шудааст.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки муовинони раис мудирони шӯъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд хабарнигорон ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






