Низоми нави пардохти кӯмакпулиҳо
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 июли соли ҷорӣ дар толори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ ва муаррифии «Баҳодиҳии натиҷаи ҷорӣ намудани пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» дар татбиқи Лоиҳаи кӯмаки техникии Созмони Аврупо, Барномаи дастгирии буҷавии сиёсати секторалӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ – қисмати «Кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо» баргузор гардид. Дар семинар масъалаи вазъи татбиқи ислоҳоти механизми расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани тартиби нави он барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мушовири Бонки умумиҷаҳонӣ – коршиноси байналмилалӣ Е.Виноградова бо натиҷаи баҳогузории қаблии иҷрои ин механизм ва тартиби нави он дар минтақаҳои таҷрибавӣ (пилотӣ) иштирокчиёнро шинос намуд. Коршиносону мутахассисон ба ин натиҷагирӣ баҳои баланд дода, ба қарор омаданд, ки идомаи ҷорӣ намудани тартиби нави механизми расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ шавад. Мавриди ёдоварист, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 октябри соли 2010 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон» низоми нав дар шаҳру ноҳияи номбурда аз 1 январи соли 2011 ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардида, то моҳи декабри соли ҷорӣ идома меёбад. То имрӯз дар шаҳри Истаравшан ба 5224 нафар ва дар ноҳияи Ёвон ба 6460 нафар, дар маҷмӯъ ба 11684 нафар ба маблағи 1 млн. 233 ҳазору 600 сомонӣ кӯмакпӯлӣ таъин ва пардохт шудааст. Ҳаҷми кӯмакпулӣ дар як сол 400 сомонӣ буда, дар соли 2012 бо ин мақсад 4 млн. 149 ҳазору 820 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз татбиқи низоми нав беҳтар ва шаффоф намудани пардохти кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба ҳар як оилаи камбизоат, содда намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор ва мусоидат намудан дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






