Ноболиғ дар мавзеъи истироҳатгоҳ ғарқ шуд
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова)- 1 нафар истиқоматкунандаи ноболиғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ кардан дар мавзеи истироҳатгоҳи «Роҳи оҳан»-и обанбори Қайроқум ғарқ мешавад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Ориф Нозимов иттилоъ дод, аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаи зудамали Ситоди вилояти Суғд баъди 2,5 соати ҳодиса ҷасад ёфта, ба сохторҳои дахлдор супорида шуд.Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол то имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ, фаромадани тарма, ярч, сангрез, боришоти боронҳои зиёд ва омадани сел 25 нафар ба ҳалокат расиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






