Оби нӯшокӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 4 июл. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Азнавсозии пойгоҳи барқии обкашии мазкур дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар асоси супориши Сарвари давлат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мутахассисони ташкилоти сохтмонии Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб моҳи январи соли равон оғоз гардида, он дар мӯҳлати панҷ моҳ бо бунёди як обанбори нав барои захираи 180 – метри мукааб об, барқарорсозии хатҳои оби нӯшокӣ ва насби се агрегати пуриқтидор мавриди истифода қарор дода шуд, ки беш аз панҷ ҳазор сокинони деҳотро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамояд.Баъд аз таъмиру барқарорсозии ин пойгоҳи барқии обкашӣ, маркази саломатии деҳоти Саричашма, мактаб интернат ва сокинони маҳаллаи навбунёди ба номи Носирбобо, ки соли 2010 – ум дар ин мавзеъ барои оилаҳои аз офати табии зарардида, хонаҳои истиқоматӣ ва бинои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуда буд, бо оби нушокӣ пурра таъмин карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






