Осоишгоҳи «Шарора»

Июль 21, 2012 09:52

Мӯъминобод, 21 июл.(АМИТ«Ховар», С.Холов).– Дар осоишгоҳи «Шарора», воқеъ дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи ноҳияи Мӯъминобод шурӯъ аз 16-уми июн 150 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Дар осоишгоҳ бо дастгирии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва шӯъбаи маориф сол ба сол шароит беҳтар шуда, шумораи истироҳаткунандагон афзоиш меёбад. Мактаббачагон ҳамарӯза ба тамошои мавзеъҳои таърихӣ мераванд. Дар баробари ин онҳо дар бораи хусусиятҳои шифобахши гиёҳҳои дар ин мавзеъҳо мерӯида маълумоти кофӣ гирифта ва ҳатто дараҷаи фоиданокии онҳоро санҷидаанд.

Июль 21, 2012 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд