Оё Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта мешавад?
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирӯз, 5 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Парлумони Амрикоро бо сардории узви палатаи намояндагони Парлумони Иёлоти муттаҳидаи Амрико Дэн Бэртон ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои байнидавлативу байнипарлумонии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд. Таъкид шуд, ки нишондиҳандаҳо дар ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар сол то сол меафзоянд. Ҷонибҳо бо фарогирии масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ба нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории амнияту субот дар минтақа ва рушди иқтисодии Афғонистон низ баҳои баланд доданд. Дэн Бэртон — узви Палатаи намояндагони Парлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки мулоқоти мо бо Эмомалӣ Раҳмон хеле самимӣ буд ва мо кӯшиш мекунем масъалаҳоеро, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор додем, ба ҳукумат ва Парлумони ИМА расонем, то ҷиҳати пиёда намудани онҳо мусоидат намоянд. Номбурда афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари калидӣ дар самти таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ саҳми бориз дорад ва мо умедворем, ки ин иқдоми Тоҷикистон дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин, Дэн Бэртон таъкид дошт, ки мо бо Президенти Тоҷикистон масъалаи пазируфта шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро мавриди муҳокима қарор додем ва ҷониби Амрико омода аст, ки дар ин самт ба Тоҷикистон мусоидат намояд. Тибқи иловаи Дэн Бэртон, азбаски Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари муҳиму калидист ва он бо бештари кишварҳо, махсусан бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, мо равобити худро бо Тоҷикистон беш аз пеш густариш хоҳем дод.Грегорий Микс — узви Парлумони ИМА иброз дошт, ки муносибат ва ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар оянда низ хубтару беҳтар ба роҳ монда мешавад ва ба ин васила байни ин ду кишвари бо ҳам дӯст қаробати бештар пайдо хоҳад шуд. Номбурда таъкид намуд, ки мардуми Амрико ва Тоҷикистон аҳлона метавонанд ҷиҳати кам кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд. Грегорий Микс дар охири суханронии худ махсусан таъкид намуд, ки хуб мешуд, ҷавонони тоҷик ба Амрико ва ҷавонони Амрико ба Тоҷикистон сафар намуда, бо ин роҳ ҳам донишу малакаи худро васеътар намоянд ва ҳам аз таҷриба якдигар самаранок истифода баранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






