Пардохти андоз дар шакли электронӣ

Июль 25, 2012 09:49

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҷиҳати беҳтар ва дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намудани андозсупорандагон бо тартиби дурусти истифодаи барномаи нави компютерӣ мулоқоти мутахассисони соҳа бо соҳибкорон доир гардид. Барои дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дар мақомоти андоз ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ба роҳ монда шудааст. Аз ин тартиб алакай шумораи муайяни андозсупорандагон истифода бурда истодаанд. Айни замон мақомоти андоз барои мавриди истифодаи ҳарчи бештари андозсупорандагон қарор додани ин тартиб бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд. Аз ҷумла, 21 июли соли ҷорӣ барои як қатор андозсупорандагон барномаи компютерии мазкур муаррифӣ шуд. Бояд гуфт, ки ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз зарурияти ташриф овардани андозсупоранда ба мақомоти андоз аз байн меравад. Эъломияҳои андоз, ки мутобиқи талаботи моддаи 71 Кодекси андоз дар шакли электронӣ пешниҳод мешаванд ба эъломияҳои андози дар шакли коғазӣ пешниҳодшуда қувваи баробари ҳуқуқӣ доранд. Пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ бо хоҳиши худи андозсупоранда сурат гирифта, ҳангоми дар фаъолияти андозсупоранда мавҷуд будани имкониятҳои барномавӣ ва техникӣ амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ шумораи зиёди андозсупорандагон ба тартиби истифодаи барномаи зикршуда фаро гирифта мешаванд.

Июль 25, 2012 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд