Пардохти нафақа тариқи корт дар Истаравшан

Июль 5, 2012 11:50

Суғд, 5 июн. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Дар шаҳри Истаравшан пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ оғоз шуд. Минбаъд 18 ҳазору 335 нафар нафақахӯрони шаҳри Истаравшан нафақаи худро бо истифода аз кортҳои бонкӣ дастрас менамоянд. Баҳри ин филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳр ва 12 оҷонсиҳои он дар деҳоти Истаравшан пурра омода аст.

Июль 5, 2012 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш