Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ

Июль 13, 2012 13:51

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Фотима Қуватова).-Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи корӣ барои солҳои 2011-2012 мизи мудаввар дар мавзӯи «Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» бо иштироки намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои молявӣ баргузор гардид. Қайд гардид, ки ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи бонкдорӣ зарурияти таҳлили қонунгузории бонкиро дар шароити ҳозира тақозо менамояд. Ин раванд бояд бо назардошти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гражданӣ ва соҳибкорӣ, ки бояд такмил дода шавад ба роҳ монда мешавад. Дар вақтҳои охир якчанд қонунҳо дар соҳаи бонкӣ қабул карда шуданд, ки аз лиҳози мазмуни истилоҳоти ҳуқуқӣ коста буда боиси номуайянӣ дар истифода ва таҷрибаи амалияи ҳуқуқӣ гардидаанд. Аз ин ҷо минбаъд инкишофи қонунгузории бонкӣ бо назардошти Барномаи татбиқи Консепсияи инкишофи қонунгузории ҶТ дар соҳаи молия, андоз ва фаолияти бонкӣ аз 3 апрели соли 2012 ба роҳ монда шавад.

Июль 13, 2012 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!